- ғарқ
- [غرق]а1. ғӯтавар шудан дар об, фурӯ рафтан ба об; зери об монда нобуд шудан; ғарқ кардан дар об ғӯтондан, ба об фурӯ равонда нобуд кардан; ғарқ шудан ба об ғӯтидан, фурӯ рафтан дар об; зери об монда нобуд шудан2. маҷ. саросар фарогирифта бо чизе; ғӯтида дар чизе: ғарқи гул, ғарқи нур, ғарқи обу арақ, ба дурру марворид ғарқ шудан…; ғарқи табассум пур аз табассум, пуртабассум; ғарқи хун // ғарқ дар хун оғушта ба хун, ба хун олуда; хуншоршуда; ғарқи ҳусну ҷамоли худ шефтаву ғарра ба зебоии худ; ғарқ пухтан тамоман пухтан, яксара пухта расидани мева; ғарқи чизе ё коре будан а) тамоман фарогирифта будан бо чизе; пур аз чизе будан (мас., нур, торикӣ…); б) саргарми чизе будан, сахт банд будан бо чизе ё коре (мас., сӯҳбат, тамошо, фикру хаёл…); в) тамоман додашуда будан ба коре; ғарқи чизе кардан фаро гирондан бо чизе; пур аз чизе кардан; ғарқи чизе ё коре шудан а) саросар фарогирифта шудан, тамоман пӯшида шудан бо чизе; б) саргарми чизе шудан, сахт банд шудан бо коре (мас., мутолиа, сӯҳбат, тамошо, фикру хаёл…); в) тамоман дода шудан ба коре; ғарқи дарёи муроқиба будан кит. бо фикру зикри Худо банд шудан; ғарқи обу арақ шудан (гаштан) // ба обу арақ ғарқ шудан дар зери обу арақ мондан, сахт арақ кардан; ғарқи хоб будан дар хоби сахт будан, сахт дар хоб будан; ғарқи хун будан бо хун оғушта будан, қатлу куштор ҳукмфармо будан; ғарқи хун шудан оғушта ба хун шудан; кушта шудан; ба (дар) баҳри чизе ғарқ будан ниг. ғарқи чизе ё коре будан; ба (дар) дарёи чизе (коре) ғарқ шудан ниг. ғарқи чизе ё коре шудан ғарқи тамошо шудан; ба хоб ғарқ кардан сахт хобонидан, сахт хоби касеро барондан; ба (дар) чизе ғарқ кардан ниг. ғарқи чизе кардан; ба (дар) чизе ғарқ шудан ниг. ғарқи чизе шудан; ба хун ғарқ шудан ниг. ғарқи хун шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.